Пайвандҳои дастрасӣ

Занони осебдидаи Кӯлоб ба И. Каримов нома навиштаанд


Сомонаи интернетии "Фарғона Ру" навиштааст, занони шаҳри Кӯлоб ба ин сомона номае ирсол ва дар зимн аз Ислом Каримов-раиси ҷуимҳури Узбакистон дархост кардаанд, ки марз бо Тоҷикистонро боз кунад ва идомаи ҳаракати қаторҳои ҳомили кӯмакҳои башарӣ ба осебдидагони фоҷеаи Кӯлобро иҷоза диҳад. Узбакистон ба баҳонаи густариши бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит марз бо Тоҷикистонро бастааст. Бино ба суханони Андрей Тропин-муовини раиси хадамоти боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон Узбакистон аз 18-ӯми май бори дигар ҳаракати қаторҳои ҳомили бору колои Тоҷикистонро иҷоза намедиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG