Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пораи ҳаштуми Югославияи собиқ?


Намояндаи СММ дар Босния ва Ҳерсеговина зимни суханронӣ дар Шӯрои амнияти Созмони милал аз таҳдиди ҷиддӣ ба субот дар ин кишвари Югославияи собиқ ҳушдор дод.

Кишвари нав дар харитаи Югославияи собиқ?

Валентин Инзско, дипломати австриягӣ ва маъмури байнулмилалии умури Босния ва Ҳерсеговина, пайваста ба Ню-Йорк сафар мекунад ва дар бораи татбиқи созиши сулҳи Дейтон дар Шӯрои амнияти СММ гузориш медиҳад. Имзои созиши сулҳи Дейтон дар соли 1995 ба ҷанг дар Югославияи собиқ хотима бахшида буд.

Инзско ин навбат зимни суханронӣ дар Шӯрои амнияти СММ гуфт, дар ҳоле, ки равобит дар манотиқи ғарбии нимҷазираи Балкан рӯз то рӯз беҳбуд меёбад, сиёсати дохилӣ дар Босния ва Ҳерсеговина мунҷар ба нигарониҳои ҷиддӣ шудааст. Босния ва Ҳерсеговина аз ду қисмат – аз федератсияи Босния ва Ҳерсеговина ва ҷумҳурии сербҳои Босния, ё Република Српска, иборат аст.

Ба гуфтаи Инзско, манбаъи таҳдид ба суботи кишвар – мақомоти Република Српска мебошанд. Ӯ мегӯяд, раҳбарони Република Српска, барои мисол, роҳи тахриби сохторҳои ҳукуматиро пеш гирифтаанд ва таҳдиди баргузории раъйпурсие мекунанд, ки созишҳои Дейтонро аз байн хоҳад бурд.

Милорад Додич, сарвазири Република Српска, чанд бор таҳдид карда буд, ки аз роҳи баргузории раъйпурсӣ намояндагии Созмони милал дар кишварро аз байн мебарад ва Република Спрскаро аз ҳайати Босния ва Ҳерсеговина берун мекунад. Инзско дар суханронӣ дар Шӯрои амният гуфт, ҳама гуна раъйпурсӣ, ки хилофи созишҳои Дейтон равона шудааст, ғайриқонунӣ хоҳад буд.

Мусалмонҳо норозиянд

Дар ин нишасти Шӯрои амнияти СММ Ҳарис Силаҷич, раҳбарии даврии Босния аз ҷониби мусалмонҳо, низ ширкат дошт. Бар пояи созиши Дейтон, ба хотири ҳифзи мувозинати қавмӣ дар Босния ва Ҳерсеговина, қудрат дар ин ҷумҳурӣ миёни сербҳо, хорватҳо ва мусалмонҳо баробар тақсим шудааст. Силаҷич, ки айни ҳол раёсати даврии Босниро бар дӯш дорад, дидгоҳи худро ба авзоъ дар кишвар баён кард.

Ва аммо ба суханронии ӯ ду мансабдор – Небойса Радманович, раҳбарии даврии Босния аз ҷониби сербҳо ва Никола Спирич, сарвазири Босния, ки низ серб аст, эътироз карданд. Радманович ва Спирич дар нишасти Шӯрои амният дар Ню-Йорк ширкат надоштанд ва аммо дар як нома унвонии Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, навиштаанд, ки ягон нуктаи суханронии Силаҷичро қабул нахоҳанд дошт, зеро “дидгоҳи ӯ ба авзоъ қаблан бо онҳо ҳамоҳанг нашудааст”.

Ба назар мерасад, ин эътироз ба рӯҳияи Силаҷич таъсире нагузоштааст. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон баъд аз анҷоми нишаст Силаҷич гуфт, имрӯз муҳимтар аз ҳама – ҳифз ва татбиқи созишномаҳои Дейтон аст.

Интиқодҳои ҳамаи ҷонибҳо аз ҳамдигар

Ҳарис Силаҷич рақибони сиёсии худ ва ҳатто намояндаи СММ Инзскоро дар он айбдор намуд, ки ҳаққи Босния барои моликияти давлатӣ ва ҳамчунин ҳаққи бозгардони моликият ба соҳибони пешинаашонро зери суол бурдаанд.

Ӯ аз мавқеъи Константин Долгов, намояндаи Русия дар СММ, низ интиқод кард. Маскав аз ҳампаймонҳои Сербия ва Република Српска маҳсуб мешавад. Долгов изҳор намуд, ки Маскав бо вуҷуди, ба гуфтаи ӯ, хуруҷи миллатгароӣ дар Босния, аз вазъ дар Босния ва Ҳерсеговина, комилан розӣ аст ва суханронии Силаҷич яктарафа ва муғризона аст.

Константин Долгов аз Инзско ҳам интиқод кард ва гуфт, гузоришҳои дипломат аз Австрия, маъмулан, ангезаи зиддисербӣ доранд.

Дар интизории интихобот

Моҳи октябр дар Босния ва Ҳерсеговина интихоботи сартосарӣ баргузор хоҳад шуд ва интизор меравад, ки дар он Милорад Додич барои ҳифзи мақоми сарвазири Ҷумҳурии сербҳои Босния талош кунад. Валентин Инзско аз он ҳушдор медиҳад, ки дар ин маърака шояд шиорҳои ҷудо кардани Република Српска аз ҳайати Босния ва Ҳерсеговина дубора баланд шаванд ва оташи хомушгаштаи низоъ дар минтақа дубора аланга занад.

Суханронии навбатии Валентин Инзско дар СММ моҳи ноябр, яъне баъд аз интихобот, баргузор хоҳад шуд.

Имрӯз, 25-уми май, Ҳарис Силаҷич, раҳбарии даврии Босния аз ҷониби мусалмонҳо вориди Белград шуд. Бори аввал баъд аз шурӯъи ҷанг дар Югославияи собиқ дар соли 1992 як сиёсатмадори мусалмони Босния ба Сербия сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG