Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои лафзӣ ва таҳдидҳои ду Корея идома дорад


Кореяи Ҷанубӣ барномаҳои таблиғотӣ бар зидди Шимолро оғоз кардааст. Як коммиссияи байналмиллалӣ гуфтааст, дар натиҷаи бархурди торпедои Кореяи Шимолӣ киштии Кореяи Ҷанубӣ ғарқ шудааст. Аз сӯи дигар, Ким Ёнг Ил-раҳбари Кореяи Шимолӣ ба нируҳои мусаллаҳи худ фармон додааст, ки ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ дароянд. Дар ин бора хабаргузории Ёнҳапи Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ додааст. Муҷрии барномаҳои хабарии телевизион дар ин бора гуфт:
"Агар ҷануб таҷовуз ба қаламрави обии моро идома диҳад, Кореяи Шимолӣ нируҳои худро амалан дар ҳолати ҷангӣ қарор хоҳад дод, то аз обҳои худ дифоъ кунад, он гуна, ки дар ин бора хабар дода шуда буд ва ҷануб барои ҳар кораш масъул хоҳад буд".

Ташаннуҷи вазъ замоне ба шиддат боло гирифт, ки Кореяи Ҷанубӣ бар зидди ҳамсояи худ таҳрим ҷорӣ ва онро муттаҳам кард, ки дар моҳи март киштии низомии Кореяи Ҷанубиро ғарк кардааст ва он боиси куштори 46 маллоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG