Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси байналмиллалии об дар Душанбе


Бино ба хабари матбуоти маҳалии Тоҷикистон, намояндагони 50 кишвар ва бештар аз 50 созмони байналмиллалӣ ширкати худро дар конфронси байналмиллалии об таъйид кардаанд. Қарор аст ин конфронс 8-10-ӯми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Дар кори конфронс 20 вазир, 2 муовини нахуствазир сафирон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ширкат хоҳанд кард. СММ, САҲА, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ, Дафтари иҷроии кишварҳои мустақили ҳамсуд ва ЕврАзЕС аз ҷумлаи чунин созмонҳо ба шумор мераванд. Солҳои 2005-2015 даҳсолаи "Об барои ҳаёт" эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG