Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камтарин ва баландтарин дастмузд дар Тоҷикистон


Бино ба маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон, соли ҷорӣ низ дастмузди кормандони бахши кишоварзӣ, ҷангал ва моҳипарварӣ камтарин дастмузд дар Тоҷикистон будааст. Моҳонаи онҳо аз 103 то 189 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора хабаргузории "Авеста" иттилоъ додааст. Қарзи ҳукумат аз пардохти дастмузд бо назардошти қарзҳои пешин то охири моҳи марти соли ҷорӣ 23,1 миллион сомонӣ ё 5,2 миллион долларро ташкил кардааст. Дастмузди кормандони бахшҳои молияву қарздиҳӣ 1 ҳазору 184 сомониро ташкил додааст ва баландтарин дастмузд дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар мақмои дуввум кормандони бахши мухобирот будаанд, ки дастмуздашон моҳе 973 сомонӣ будааст.
XS
SM
MD
LG