Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ даромад


Ким Ёнг Ил-раҳбари Кореяи Шимолӣ ба нируҳои мусаллаҳи худ фармон додааст, ки ба ҳолати омодагии муҳорибавӣ дароянд. Дар ин бора хабаргузории Ёнҳапи Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ додааст. Ташаннуҷи вазъ замоне ба шиддат боло гирифт, ки Кореяи Ҷанубӣ бар зидди ҳамсояи худ таҳрим ҷорӣ ва онро муттаҳам кард, ки дар моҳи март киштии низомии Кореяи Ҷанубиро ғарк кардааст ва он боиси куштори 46 маллоҳ шудааст. Ли Миён Бак-раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки вай ин масъаларо дар Шӯрои Амнияти СММ матраҳ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои хориҷаи Чин аз тарафҳои моҷаро хост, ки хештандорӣ нишон диҳанд. Вазорат гуфтааст, барои ҳали чунин моҷароҳо музокирот роҳи беҳтарин ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG