Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуҷалил Ҳомидов-раиси пешини Суғд даргузашт


Бино ба иттлои хабаргузориҳо, имрӯз дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе Абдуҷалил Ҳомидов-раиси пешини вилояти Суғд даргузаштааст. Бино ба хабари ин манобеъ, маросими дафни Ҳомидов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар зодгоҳи вай баргузор мешавад. Вай соли 1992 раиси вилояти Ленинободи пешин вилояти имрӯзаи Суғд раис таин шуд. Дар охири соли 1993 аз мақом барканор гардид. Вале дар остонаи интихоботи расёати ҷумҳурӣ дар соли 1994 бори дигар вайро дар ин мақом таин карданд. Ҳомидов бо Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистон пайвандҳои хешовандӣ дошт. Соли 1996 Ҳомидов аз мақомаш барканор шуд ва ин бор барои зиндагӣ ба Тошканд рафт. Мақомоти расмии Тоҷикистон вайро барои ҳимоят аз Маҳмуд Худойбердиев-сарҳанги шӯришӣ ва барои ташкили сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам медонанд. Вай соли 2001 дар Хуҷанд ҳангоми ширкат дар ҷанозаи хоҳараш боздошт ва зиндонӣ шуд.
XS
SM
MD
LG