Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҷумонҳои ҷавон дар Душанбе ҷамъ омаданд


Мактаби байнулмилалии илмии тарҷумонҳои ҷавон оид ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Донишгоҳи тоҷикӣ-славянӣ ва Донишгоҳи давлатии забонҳои Маскав ба кори худ оғоз кард.

Дар ин ҳамоиш 52 тарҷумони ҷавон аз кишварҳои муштарак-ул-манофеъ, назири Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова Русия, Украина ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзида, роҳҳои муассири рушди тарҷумаи асарҳои бадеӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони ҷавонро баррасӣ хоҳанд кард.

Меҳриниссо Нағзибекова, раҳбари факултаи забон ва адабиёти русии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ширкатдори ин нишаст, мегӯяд, дар ин мактаб мутахассисони ҷавон низ барои табодули таҷриба даъват шудаанд. Ӯ мегӯяд, дар ин ҷо ҳам тарҷумаи наср ва ҳам назм баррасӣ шуда, нақшаҳои таълимӣ барои ихтисоси тарҷумонӣ ва роҳҳои дастрасии китобҳои дарсӣ барои ин ихтисос муҳокима мешавад.

Хонум Нағзибекова гуфт, ҳарчанд бо баргузории чорабиниҳои мухталифи байналмилалӣ талабот ба тарҷумонҳои касбӣ зиёд аст, аммо ин соҳа ҳанӯзам дар кишвар ба таври дилхоҳ рушд накардааст ва ба таваҷҷӯҳи вижаи мақомот ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, тарҷумони бадеӣ бояд ҳамаи хусусиятҳои забонӣ, ба вижа зарбулмасалу мақолҳо, расму оин ва одатҳои хоси мардуми забони тарҷумаро хуб бидонад.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултаи журналистика ва тарҷумонӣ амал мекард, вале Вазорати маориф бо иллати номуваффақ будани он тасмим гирифт, ки ин шӯъбаро бибандад. Зеро, ин шӯъбаҳо аз набуди мутахассисони баландихтисоси забонҳои хориҷӣ танқисӣ кашида, аксари хатмкунандагонаш натавонистаанд аз рӯйи ихтисос фаъолияти худро идома бидиҳанд.

Илҳом Алиев, донишҷӯи Донишгоҳи тоҷикӣ-славянӣ, мегӯяд, имрӯз аксари ҷавонон кӯшиш мекунанд, то на тарҷумони хаттӣ, балкӣ шифоҳӣ шаванд. Зеро, ба андешаи Илҳом, тарҷумаи шифоҳӣ талабот ва даромади бештар дошта, имкони кор дар созмонҳои байнулмилалиро фароҳам меорад. Аммо, ба гуфтаи Илҳом, ҳамкасбони ҷавонаш ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ майли камтар нишон медиҳанд. Равшан Алиев, журналист ва тарҷумон аз Озарбойҷон, мегӯяд, имрӯз мушкили аслии тарҷумонҳои ҷавон интихоби адабиёт аст.

Кори мактаби байнулмилалии тарҷумонҳои ҷавон то 28-уми май идома ёфта, дар он «Вазъи тарҷумаи асарҳои бадеъӣ дар Тоҷикистон», «Тарҷумаи асарҳои бадеъӣ чун пайванди фарҳангу тамаддуни миллатҳо», «Вижагии тарҷумаи асарҳои форси -тоҷикӣ ба забони русӣ» ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG