Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайдар Муслеҳӣ, вазири истихбороти Эрон, ба Амрико пешниҳод намуд, то се шаҳрванди боздоштшудаашро бо маҳбусони эронӣ табодул намояд.

Се шаҳрванди Амрико дар моҳи июли соли 2009 ҳангоми убури ғайриқонунии марз миёни Ироқу Эрон боздошт шуданд. Онҳо мегуфтанд, ки иштибоҳан вориди марзи Эрон ворид шудаанд, вале Теҳрон то ба ҳол Шэйн Бауер, Ҷош Фатал ва Сара Шроудро ҷосус меномад.

Изҳороти ахири вазири эронӣ дар бораи табодули маҳбусон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта модарони кӯҳнавардони боздоштшудаи амрикоӣ ба Теҳрон омада, талош кардаанд, то мақомоти Эронро мутмаин созанд, ки фарзандонашонро раҳо кунад. Онҳо мегӯянд, кӯҳнавардони ҷавон марзи ду кишварро иштибоҳан убур карда, ба Эрон ворид шудаанд.

Ҳайдар Муслеҳӣ, вазири истихборои Эрон, бо ишора ба боздиди модарони маҳбусин гуфт, мунтазири он ҳастанд, ки “амрикоиҳо бо даъвоҳояшон оид ба мавзӯъҳои ҳуқуқи башар, бояд равандеро оғоз кунанд, то ки мо тавонем дар бораи имкони табодули боздоштшудагон тасмим бигирем.”

Ҳилларӣ Клинтон, вазири коҳои хориҷии Амрико, аз Эрон даъват намуд, ки се кӯҳнаварди амрикоиро озод кунад. Вай гуфт, ин се шахс сайёҳони бегуноҳанд ва Вашингтон барои табодули маҳбусин бо Эрон ягон майле надорад.

КИРО БО КӢ?

Аммо пешниҳоди Вазорати истихборот фикрҳоеро ба миён овардааст, ки мақомоти Теҳрон кадом шаҳрвандони маҳбуси худро дар назар дорад? Дар рӯйхати чунин маҳбусин 11 шаҳрванди эронӣ зикр шуда буд.Тибқи гузоришҳо, Теҳрон сарнавишти се кӯҳнавардро ба тақдири ин 11 шаҳрванди эронӣ рабт медиҳад.

Миёни ин афрод Шаҳром Амирӣ, пажӯҳишгари риштаи ҳастаӣ аз Донишгоҳи Малик Аштар, низ ҳаст, ки соли 2009 ҳангоми ҳаҷ бедарак шудааст. Ҳадс зада мешавад, ки Амирӣ ба барномаи ҳастаии Эрон иртибот дошт. Будубоши кунунии вай маълум нест, вале Вазорати корҳои хориҷии Эрон Вашингтонро дар рабоиши вай муттаҳам кардааст. Амрико ин иттиҳомотро рад мекунад.

Алӣ Ризо Асғарӣ, собиқ муовини вазири дифоъи Эрон, низ аз ҷумлаи ин афрод мебошад. Соли 2007 вай дар қаламрави Туркия ғайб зад ва Теҳрон мегӯяд, вайро кишварҳои Ғарб рабудаанд. Аммо имкон вуҷуд дорад, ки Асғарӣ бо хости худаш ба Ғарб фирор кардааст ва намехоҳад ба ватанаш баргардад.

Афроди боқимондаи рӯйхат дар Аврупо, Канада ва ИМА боздошт шудаанд.

Пи Ҷей Кровлӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, имкони табодули боздоштшудагонро рад намуд, аммо афзуд, ки агар Теҳрон дар бораи сарнавишти ягон шаҳрванди худ саволе дошта бошад, бояд бо ёддошти расмӣ муроҷиат кунад ва агар Вашингтон дар бораи будубоши онҳо иттилое дошта бошад, посухи расмӣ хоҳад дод.

Масъуд Шафеъӣ, вакили дифоъи кӯҳнавардони амрикоӣ, ба радиои Фардо гуфт, модарони ин ҷавонон умедвор буданд, ки ҳамроҳ бо фарзандонашон баргарданд. Бо вуҷуди бе натиҷа анҷомидани сафари модарон ба Теҳрон оқои Шафеъӣ гуфт, имкони озод шудани ин се нафар вуҷуд дорад. Вакили дифоъ хабар дод, ки Сара Шроуд аз маризии занона азият мекашад ва ба ҳамин хотир ҳам ба муоинаи зуд-зуди пизишкон ниёз дорад. Боқӣ мондани вай дар зиндон метавонад ҳаёташро дар хатар гузорад.
XS
SM
MD
LG