Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, субҳи сешанбе, дар маҳбаси шаҳри Душанбе даргузаштааст. Наздикони Ҳомидов мегӯянд, ҷасади ӯро ба зодгоҳаш интиқол хоҳанд дод. Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон ин иттилоъро такзиб ё таъйид накардааст.

Абдуҷалил Ҳомидов, дар моҳи июни соли 2002 бо як силсила иттиҳомот, аз ҷумла, тероризм, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва сӯиқасд ба ҷони шахсиятҳои давлатӣ ба 18 соли ҳабс маҳкум гашта буд.

Абдухалил Ҳомидов, бародари Абдуҷалил Ҳомидов гуфт, хешовандонаш барои овардани ҷасади ӯ ба Душанбе рафтаанд ва қарор аст ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш деҳаи исписари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боранд. Ҷасади Ҳомидов ба гуфтаи бародараш рӯзи 26 -уми май дар зодгоҳаш ба хок супурда хоҳад шуд.

Дар саҳнаи сиёсат

Абдуҷалил Ҳомидов дар айни хуруҷи ихтилофҳои дохилии Тоҷикистон, дар моҳи августи 1992 ба раёсати комиҷроияи вилояти Ленинобод, ҳоло Суғд, интихоб шуд.

Ӯ дар созмондиҳии иҷлосияи Шӯрои олии Тоҷикистон дар соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, ки зимни он Эмомалӣ Раҳмон ба қудрат расид, яке аз чеҳраҳои калидӣ буд. Ҳомидов моҳи декабри соли 1993 аз вазифа сабукдӯш гардид. Сабаби барканории ӯро дар эҷоди ихтилофи назар миёни ӯ ва ҳукумати марказӣ унвон мекунанд.

Фирор ба Тошканд

Вақте Додситони кулли Тоҷикистон нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард, Абдуҷалил Ҳомидов ба Тошкант фирор карда буд. Моҳи октябри соли 1994 дар арафаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ӯ муҷаддадан вазифаи раиси вилояти Ленинобод ё худ Суғдро ишғол кард ва даъво намуд, ки чанд муддат барои баланд бардоштани савияи донишаш ба Тошкант рафта буд.

Абдуҷалил Ҳомидов соли 1996 дуюмбора аз вазифа сабукдӯш гардид ва боз ба Тошкант рафт. Ӯ дар ташкили як силсила иқдомоти алайҳи сохтори давлатӣ, аз ҷумла ҳамдастӣ дар инфиҷори пул ва тахриби роҳҳо ба манзури гусастани роҳҳори иртиботӣ миёни минтақаҳо муттаҳам шуда буд.

Раиси собиқи вилояти Суғд ва депутати собиқи парлумони Тоҷикистон Абдуҷалил Ҳомидов пас аз чанд соли паноҳҷӯӣ дар Узбакистон, ба хотири иштирок дар маросими дафни хоҳараш ба Хуҷанд баргашт ва он бозгашт бо боздошти ӯ шаҳри Ғафуров анҷом ёфт.

Карим Абдулов: "Ҳомидов сиёсатмадор набуд"

Карим Абдулов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, Абдуҷалил Ҳомидов бештар як фарди тоҷир буд, то сиёсатмардор. Ба гуфтаи оғои Абдулов, ӯ саводи казоии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ надошт. Аммо суол ин аст, ки пас чаро ба раёсати вилояти калонтарини ҷумҳурӣ интисоб шуда буд.

Карим Абдулов далели раиси вилояти Суғд таъйин шудани Ҳомидовро чунин шарҳ медиҳад: "Ӯ қудои Абумалик Абдулоҷонов буд, ки он солҳо шахсияти наздик ба раиси ҷумҳур буд. Ба ин далел раиси ҷумҳур ӯро раиси вилоят таъйин кард, ки кори мутлақо надуруст буд".

Ба гуфтаи Карим Абдулов, дар арафаи интихоботи раёсаати ҷумҳурии соли 1994 Абдуллоҷонов рақиби Раҳмон буд ва ба делели ҷалби овозҳои мардуми шимол, Раҳмон Ҳомидовро дубора раиси вилоят таъйин кард. Аммо ин навбат низ кори ӯ барор накард.

Сӯйқасд ба ҷони Қосимов ва мушкили маҳбусони сиёсатмадор

Баъди барканорияш аз мақоми раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов дар мавқеъи мухолифат бо ҳукумати марказӣ қарор гирифт.
Ва мақомоти амниятӣ ӯро дар чанд амали зидди ҳукуматӣ, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 11 нафар, инфиҷори пул дар рӯдхонаи Зарафшон ва сӯйқасд ба ҷони Қосим Қосимов, раиси собиқи вилояти Суғд муттаҳам намуданд.

Аммо ба ҳар ҳол мардум аз Ҳомидов ба унвони як сиёсатмадори мухолифи давлат ёд мекунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, таҳлилгари дигари тоҷик мегӯяд, Абдуҷалил Ҳомидов дар сиёсат нақши муҳим дошт ва хусусан дар ташкил ва баргузории сесияи 16 -уми Шӯрои олӣ дар Хуҷанд ва дар сари қудрат овардани Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дорад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар маҳбасхонаҳои худро инкор мекунад. Вале бисёриҳо Абдуҷалил Ҳомидов, Ғаффор Мирзоев, Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва дигаронро, ки дар гузашта аз шахсиятҳои наздик ба раиси ҷумҳур буданд, ҳамчун маҳбуси сиёсӣ ном мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG