Пайвандҳои дастрасӣ

Обама Чинро ба рушди мавзуни ҷаҳон даъват кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегӯяд, ҳамкории Иёлоти Муттаҳида ва Чин метавонад, роҳеро ба рушди ботавозуни ҷаҳон боз кунад. Изҳороти Обама дар ҳоле садо дод, ки дар Пекин байни ду кишвар гуфтушуниди стратегӣ идома дорад. Дар ин ҳамоиш вазири молияи Амрико, Тимотӣ Гейзнер аз Пекин даъват кард, ду кишвар дар ҳамкорӣ монеаҳои тиҷоратиро коҳиш диҳанд ва ба мувозанати иқтисодиёти ҷаҳон даст ёбанд. Дар ҳамин нишаст вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон аз Чин хост, ба интиқоди байнулмилалии амалкарди Кореяи Шимолӣ, ки киштии Кореяи Ҷанубиро ғарқ кардааст, шарик шавад.
XS
SM
MD
LG