Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Эрон ба хуруҷ аз созиши табодулаи сӯхт


Сафири Эрон дар Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ Алиасғар Султония мегӯяд, тасмими Эрон ба идомаи ғанигардонии уран ба созиши табодули уран ва сӯхти ҳастаӣ дахл надорад ва агар Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳримҳои нави зидди Эронро ба тасвиб расонад, Эрон созишномаи ахирро бекор хоҳад кард. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Вашингтон ба созиши сеҷониба бо шубҳа нигаристааст ва тарҳи таҳримҳои нави зидди Эронро ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG