Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳеҷ кӯдаке ки аз Тоҷикистон ба Русия рафта, бемор набудааст


Вазири тандурустии вилояти Маскав Владимир Семенов хабар дод, ки дар ҷисми ҳеҷ яке аз кӯдакон, ки аз Тоҷикистон омада буданд, ангали полиомелит дарёфт нашудааст. Вай гуфт, бо гумони чунин беморӣ 12 кӯдаки синни то шашсола ба маҳзи расидан аз Тоҷикистон ба Русия ба бемористон интиқол дода шуданд. Таҳқиқ нишон додааст, ки ҳамаи онҳо саломатанд. Русия вуруди кӯдакони то шашсолаи шаҳрванди Тоҷикистонро ба қаламрави худ манъ карда, ба Русия кӯчондани чунин кӯдакони шаҳрванди Русияро талаб намудааст ва мегӯяд, аз вазъи полимелит дар Тоҷикистон нигарон аст. Зимни ҳамин нигаронӣ ҳамчунин интиқоли хушкмеваи Тоҷикистон ба Русия низ манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG