Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Ӯш "маҳбуси Душанбе"-ро бегуноҳ номид


Додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон фаъоли ҳуқуқи инсон Неъматулло Бутақозиевро, ки Тоҷикистон пас аз 4 моҳи ҳабс ба Қирғизистон истирдод кард, бегуноҳ шуморид. Мақомоти Тоҷикистон Бутақоизевро рӯзи 23-юми май ба Қирғизистон расонданд ва ба дасти мақомои иҳифзи ҳуқуқи ин кишвар супурданд. Ботақозиев дар ташкили тазоҳуроти соли 2008 дар деҳаи Навкати Қирғизистон айбдор шуда, бо аҳли оилааш ба Тоҷикистон фирор карда буд, то дар ин ҷо паноҳандагии сиёсӣ пайдо кунад. Созмонҳои ҳуқуқи башар аз саросари ҷаҳон батакрор аз мақомоти Тоҷикистон озодии ӯро хоста буданд.
XS
SM
MD
LG