Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Словакия ба қонуни шаҳрвандии Маҷористон


Сарвазири Словакия Роберт Фико бо ишора ба тарҳи қонуни нав дар Маҷористон гуфт, маҷорҳои Словакия ҳаққи душаҳрвандӣ дошта наметавонанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки порлумони Маҷористон қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе қонунеро ба тасвиб расонда, ба 3,5 миллион маҷорҳо, ки дар Руминия, Словакия ва сербия ба сар мебаранд, шаҳрвандии Маҷористонро тақдим кунад. Сарвазири Словакия гуфт, агар маҷорҳои кишвараш шаҳрвандии Маҷористонро қабул кунанд, дафъатан аз шаҳрвандии Словакия маҳрум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG