Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари намояндаи баландпояи Амрико ба Қирғизистон


Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Қирғизистон хабар дод, ки ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Ҷорҷ Кролл рӯзҳои 25 ва 26-уми май ба Қирғизистон сафар мекунад. Бино бар изҳороти сафорат Кролл бо намояндагони ҳукумати муваққатӣ ва созмонҳои шаҳрвандии Қирғизистон мулоқот мекунад. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон барои Иёлоти Муттаҳида бо сабаби ҳузури як пойгоҳи ҳарбии ҳавоии Амрико дар ин ҷо барои ҳимоят аз амалиёти ҳарбӣ дар Афғонистон аҳамияти хос дорад. Дар натиҷаи шӯриш дар Қирғизистон дар аввалҳои моҳи апрел президенти ин кишвар Қурманбек Боқиев аз мақомаш барканор шуда, дертар ба Беларус фирор кард.
XS
SM
MD
LG