Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филмсози маҳшури Эрон аз ҳабс озод мешавад


Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфт, коргардони саршиноси Эрон, Ҷаъфари Паноҳӣ дар ивази гаравпулӣ аз зиндон озод хоҳад шуд. Паноҳӣ зиёда аз ҳафта аст, ки дар маҳбаси Эвини Теҳрон гуруснашинии сиёсӣ эълон кардааст. Додситон мегӯяд, бо Паноҳӣ рӯзи 20-уми май мулоқот кардааст, то барояш бигӯяд, ки дархости озодии ӯ пеш аз шурӯи муҳокима пазируфта шудааст. Паноҳӣ дар моҳи март бо иттиҳоми таҳияи филми зиддидавлатӣ дар бораи хушунатҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG