Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи роҳи пулакиро як кумиссиюн таҳқиқ мекунад


Ба манзури таҳқиқи вазъи роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ як кумиссиюни давлатӣ ташкил шудааст. Елена Раҳимова, масъули Ожонси зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ин гурӯҳ намояндагони вазоратхонаҳои дахлдор, мақомоти интизомиву амниятӣ ва ҳам ҳукумати ноҳияи Вазоб шомил ҳастанд. Хонум Раҳимова дар сӯҳбат бо “Азия Плюс” афзуда, ки ҳадаф ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои ширкати “Иновейтив Роуд Солюшнз” аст, ки бар асоси як қарордод бо ҳукумати Тоҷикистон, масъулияти ҷамъоварии маболиғ аз ин танҳо роҳи пулакии кишвар ва танҳо масири миёни манотиқи шимол ва маркази Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.
Ожонси зиддиинҳисорӣ ин ширкати дар Бритониё сабтиномшударо дар нақзи қавонини зиддиинҳисорӣ айбдор мекунад. Роҳи Душанбе-Чаноқ аз 1 апрел пулакӣ шуд, вале ин иқдом эътирози сокинони ноҳияи Варзоб, нахустин қисмати пулакишудаи ин шоҳроҳро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG