Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ботақозиев раҳо шуд


Додгоҳи вилояти Ӯши Қирғизистон масъалаи афви Неъматулло Ботақозиев, як ҳомии ҳуқуқи башари қирғизро, баррасӣ кард ва ҳалномааш дар мавриди озодии ӯ содир намуд.

Ахиран, рӯзи 22-юми май, Неъматулло Ботақозиев бар асоси қарори Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи амнияти ин кишвар ба мақомоти амниятии Қирғизистон таслим шуд.

Аз таъйиди ин хабар мақомоти амниятии Тоҷикистон худдорӣ карданд, вале Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадтоҳир, бародари Неъматулло Ботақозиев, ин хабаро ба радиои Озодӣ расонд.

Пас аз се моҳи сипарӣ дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Тоҷикистон ва пас аз мусоидати созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва талошу саъйи пайваста барои раҳоӣ ниҳоят Неъматулло Ботақозиев сафед шуда, нахустин лаҳзаҳои озодии худро бо аҳли пайвандонаш мебинад.

Неъматулло Ботақозиев 43 сол дорад ва аз соли 2004 дар созмонҳои дифои ҳуқуқи башари Қирғизистон фаъолият кардааст. Дар соли 2008 мақомоти Қирғизистон дар баробари аъзои Ҳизбуттаҳрир 30 корманди «Адолати додгоҳӣ-Ҳақиқат» - ташкилотеро, ки Неъматулло Ботақозиев дар он кор мекард, дар созмондеҳии тазоҳуроти ғайриқонунӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам карданд.

Пас аз сарнагун шудани ҳукумати Боқиев дар Бишкек ва ба сари қудрат омадани ҳукумати муваққатӣ ҳамаи тазоҳуркунандагони ҳодисаи Нукат афв шуданд.

Комиссариати умури паноҳандагони СММ ҳукумати Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки иштирокчиёни ҳодисаҳои Нукати Қирғизистон афв шудаанд.

Ва аз сӯи дигар, тағйироти ба амаломада дар низоми сиёсии Қирғизистон иҷоза медиҳад, ки Ботақозиев бидуни таъхир озод шавад.
XS
SM
MD
LG