Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз сад хонаводаи осебдида аз шаҳраки хаймаҳо воқеъ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб ба қитъаҳои замине, ки барояшон ҷудо шудааст, интиқол шуданд. Миёни зарардидагон барои гирифтани ҷойи хона қуръакашӣ доир шудааст.

Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ба хотири шафофияти таъмини зарардидагон ба манзили зист қуръапартоӣ баргузор гардид ва ҳар нафар мувофиқи он рақаме, ки ҳангоми қуръапартоӣ дастрасаш шудааст, соҳиби манзил хоҳад гашт.

Ба гуфтаи ӯ, акнун нахустин пойдевори хонаҳо канда шуда, сохтмони манзил барои осебдидагон шурӯъ шудааст ва бад ин тартиб, эҳтимол давоми се рӯзи ахир тамоми зарардидагон аз шаҳраки хаймаҳо ба сари заминҳо кӯч дода шаванд.

Дар ин маҳалоте, ки феълан барои мардуми осбедида бояд манзили зист бунёд гардад, на хати интиқоли нерӯи барқ вуҷуд дораду на лӯлаи оби ошомиданӣ.

Аммо масъулин мегӯянд, сокинон бо мошинҳои обкашӣ бо оби ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд ва дар кӯтоҳтарин фурсат хати интиқоли нерӯи барқ низ ба ин маҳаллаҳо оварда хоҳад шуд.

Зарардидагон мегӯянд, маконе, ки ҳоли ҳозир ба он ҷо оварда шудаанд, ба биёбони сӯзоне монанд аст. Давлатмоҳ Боймадова, як тан аз ин осебдидагон мегӯяд, гармои ин мавзеъ аллакай ба худу фарзандонаш таъсир кардааст.

Давлатмурод Шарипов, як осебдидаи дигар мегӯяд, бо кӯч додани онҳо ба ин мавзеъ кӯмакҳои маводи ғизоӣ низ қатъ гардидааст. Ӯ мегӯяд, имрӯз аз субҳ то бегоҳ касе ба онҳо маводи ғизоӣ наовардааст.

Алимардон талаби эътирозгаронро қонеъ насохт

Масъулин мегӯянд, ҳоли ҳозир дар 6 мавзеи берун аз шаҳр барои 1,5 ҳазор хонавода замин барои сохтмони манзил ҷудо гардад. Бо шумули аҳолии маҳаллаҳои зарардида, инчунин то си метр аз ду тарафи дарёчаи Тебалай ҳамаи хонаводаҳо кӯчонида мешаванд.

Аммо чанд рӯз қабл, аҳолии маҳаллаи Чармгари Поён ва Нонбои Поён аз тасмиме, ки онҳоро дар маҳали зисташон, ки аз соҳил садҳо метр дур аст, хона бунёд намекунанд, эътироз карданд.

Сиёвуш Иброҳимов, як тан аз ин эътирозгарон мегӯяд, ахиран Алимардон бо эътирозгарон вохӯрд ва талаби онҳоро қонеъ насохт, вале мардуми эътирозгар тасмим дорад, ба ҳеҷ шарте аз ин маҳал берун нахоҳад шуд.

Аммо комиссияи ҳукуматӣ тасмим дорад, дар ин мавзеи офатзада, бо фосила аз соҳил баландошёнаҳо бунёд созад. Аксари сокинони ин маҳаллаҳо тасмим доранд, то бидуни кӯмаки ҳукумат худ дар манзили собиқашон ду бора хона бисозанд.

Феълан, тамсим аст, то барои 700 нафар манзили зист бисозанд ва барои 900 нафари дигар, ки хонаҳояшон қисман зарар дидааст, замини наздиҳавлигӣ бидиҳанд. Масъулин мегӯянд, бо таҳиқиқи бештари масъала эҳтимол омор дар мавриди бунёди манзили зист тағийр биёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG