Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 гумонбар ба ҳамла алайҳи НАТО дар Кобул


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар робита ба бомбгузории хунини рӯзи 18 май дар Кобул, ки 18 кушта ба ҷо гузошт, 7 нафарро дастгир кардаанд. Сухангӯи хадамоти иктишофӣ Саид Ансорӣ гуфт, ин 7 танро ба сурати алоҳида тайи ҳафтаи гузашта ба даст овардаанд. Бомбгузории рӯзи сешанбеи гузашта мунҷар ба ҳалокати 6 тан аз нирӯҳои НАТО, бо шумули 3 сарҳанги амрикоӣ ва 1 сарҳанги канадоӣ шуда, хунинтарин ҳамла алайҳи нирӯҳои НАТО дар Кобул дар 8 моҳи охир маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG