Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти наздик ба бист сол аз замони касби истиқлол, ниҳодҳои ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар ҳаёти ҷомеаи кишвар нақши андак доранд. Аз 2000 созмони ғайриҳукуматии сабтиномшуда дар Тоҷикистон танҳо 200-тои он фаъол аст.

Бархе аз коршиносон ҳузури ками созмонҳои иҷтимоӣ дар кишварро ба мушкилоти иқтисодӣ марбут донанд, бархи дигар мӯътақиданд, ки давлат ба ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ эътимод надорад.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки институтҳои ҷомеаи маданӣ метавонанд дар амри барқарории иртибот миёни мардум бо ҳукумат ва низ дар ҷиҳати коҳиши шиддати мушкилоти ҷомеа нақши муассире бозанд. Вале ба ҳар сурат, чаро нуфуз ва мақоми ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо Русия ва ё Қирғизистон хеле кам аст.

Дар асоси ислоҳоти Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси Намоядагон сурат гирифт, созмон ва ё иттиҳодияҳои иҷтимоӣ, ки дар манотиқи кишвар низ бахшҳои худро фаъол мекунанд вазифадоранд, ки дар шӯъбаҳои адлияи мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ худро сабти ном кунанд.

Бархе аз коршиносон ин тағйиротро як навъ монеаи тоза дар роҳи фаъолияти муассири ниҳодҳои ҷомеаи мадании кишвар меҳисбанд. Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ниҳодҳои ҷомеаи мадании ин кишвар бовар надорад, ба қавли кошиносон таъсири ин гуна созмон ва ё иттиҳодияҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи кишвар низ заиф хоҳад буд.

Раиси ҷумҳур ҳарфе дар ин бора нагуфт

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони иҷтимоии «Дурнамо», ки тӯли солҳои зиёд бо созмонҳи иҷтимоӣ сарукор дорад мегӯяд, дар кишварҳои рӯ ба самти ба демократӣ фаъолияти васеъи созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳамаи арсаҳо бар манфиати ҷомеа аст. Ввале то ҳанӯз давлати Тоҷикистон бо ин ниҳодҳо ба таври самарбахш ва муфид ҳамкорӣ накардааст.

Хонум Бобоназарова гуфт, то ҷое ӯ мушоҳида кардааст, дар паёми солонаи раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳарфе дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ гуфта нашуд ва расонаҳои расмии кишвар низ дар иртибот ба фаъолияти ин ниҳодҳо гузорише мунташир накардаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон бар нақш ва ҷойгоҳи муассири муассисаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои пасошӯравии дигар аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва махсусан Қирғизистон таъкид мекунанд.

Музаффар Олимов, раиси маркази таҳлилии мавсум ба «Шарқ» мегӯяд, дар муқоиса бо кишварҳои мазкур созмонҳо ва иттиҳодияҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз ташкили нишасту конфаронсҳо бо мусоидати сармоягузорони хориҷӣ ва пешниҳодоти хислати тавсиявидошта коре дигар карда наметавонанд.

Дар ҳоле, ки барои мисол дар Қирғизистон, созмонҳои иҷтимоӣ даҳҳо ҳазорро бо ҷойҳои корӣ таъмин карда ва дар мавриди ин ва ё он тарҳи қонун метавонанд назар ва мавқеи худро ба мақомоти қонунгузории кишвар пешниҳод кунанд.

Музаффар Олимов афзуд, ки дар чунин вазъ ҳукумат низ омода аст бо ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ ҳамкорӣ кунад, кореро, ки дар Тоҷикистон аз анҷоми он истиҳола мекунанд.

Давлат ҳанӯз ба ин созмонҳо ниёз надорад


Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Толҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳарду тараф ба он омода бошанд. Оқои Шарифов иқрор кард, ки ҳукумат то кунун ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи маданиро ба таври зарурӣ ба роҳ намондааст.

Вале дар чанд соли ахир ихтисоси маблағ аз ҳисоби бюҷет барои созмонҳои ғаридавлатӣ дар арсаи маорифу иҷтмоиёт ва фарҳанг баёнгари он аст, ки ҳукумат дар пайи ҳамкорӣ бо ин созмонҳост.

Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон ҳудуди ду ҳазор созмони ғайридавлатӣ сабт шудааст, ки ба таъйиди коршиносон танҳо наздики дусад тои он фаъолияти муназзам доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG