Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии силсилаи «IAAF World Challenge» дар Бразилия боз медали тило ба даст овард. Ӯ дар даври пешини ин мусобиқот низ дар шаҳри Форталеза барандаи медали тило шуда буд.

Дар даври панҷуми ин мусобиқаи пурнуфузи байнулмилалӣ бо номи GR CAIXA Unitor de Atletismo», ки дар шаҳри Рио-де-Жанейро баргузор шуд, зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон ширкат карданд.

Дилшод Назаров, қаҳрамони Осиё ва ғолиби аввалин сабқати силсилаи «IAAF World Challenge»-2010 дар шаҳри Осакои Ҷопон ва Форталезаи Бразилия, ин дафъа гурзро ба дурии 77 м 38 см ҳаво дода, ғолиби сабқат шуд.

Игор Соколов, аз Латвия, бо натиҷаи 77 м 09 см дар ҷои дуввум қарор гирифт. Артём Рубенкои укроин севум шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG