Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилоъи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон, Узбакистон аз таърихи 22 май бори дигар ҳаракати вагонҳои ҳомили бори мухталиф ба қаламрави вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистонро қатъ кардааст.

Ин масъулон мегӯянд, ҳамакнун дар қаламрави Узбакситон ҳудуди ҳазор вагон, ки бояд ба самти Хатлон ҳаракат кунанд, боздошт шудаанд. Дар ҳоле, ки ҷониби Узбакситон тахриби қитъаи роҳи қатори Амузанг – Термизро аз иллати аслии ин амр унвон кардаанд, масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон мегӯянд, кишвари ҳамсоя барои бозсозии ин қитъаи роҳ тавассути ин ширкат ризоят намедиҳад.

Ин дар ҳолест, ки вазъи мавҷуд мояи нигаронии соҳибкорону тоҷирони тоҷике шудааст, ки вагонҳои бору колояшон дар марзи Узбакистон дар банд аст.

Тараҳҳуми Узбакистон дер давом накард

Агарчӣ паёмадҳои вуқӯъи сел дар ҷануби Тоҷикистон, ба хусус дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мояи «тараҳҳум» -и Узбакистон дар заминаи раҳо кардани вагонҳои ҳомили бору колои Тоҷикистон гардид, аммо ин амр дер давом накард. Зеро ба таъкиди масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон пас аз раҳоии 262 вагон, ки умдатан аз маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ иборат будаанд, ҷониби Узбакистон ҳаракати қаторҳо ба самти вилояти Хатлонро дубора мутаваққиф кард.

Андрей Тропин, як масъули ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, «аз таърихи 22 май то кунун ҳеҷ як вагон аз тариқи истгоҳи Қурғонтеппа, вориди Тоҷикистон нашудааст ва гумон аст, ки иҷозаи вурудро пайдо кунанд. Далели ин амр рӯшан нест , аммо ба иттилои мо дар марзи Узбакистон 969 адад вагони самти Хатлон, ҳомили бору коло, ба хусус маводи сухт, семент ва дигар таҷҳизоти зарурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон дар банд ҳастанд. Вагонҳое, ки тариқи тронзит аз Русия, Қазоқистон, Эрон ва дигар кишварҳо ба Тоҷикистон бояд бирасанд».

Аммо ҷониби Узбакистон ҳамоно дар таъхир шудани убури вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави он кишвар сабабҳои техникиро пеш меорад.

Узбакистон: Роҳи оҳан дар таъмир аст!

Зафар Раҳимҷонов, консули сафорати Узбакистон дар Душанбе мавриди дубораи боздошти қаторҳои Тоҷикистон дар марзи кишварашро таъид кард ва сабаби онро чунин шарҳ дод, «ба иттилои ширкати ширкати роҳи оҳани «Узбекистан темур йулларӣ» ба сабаби ноустувории минтақаи сейсмикӣ, паёмадҳои резиши сел ва набуди захираҳои молӣ ва фаннӣ, ин ширкат наметавонад тармиму бозсозии қитъаи роҳи «Термиз – Амузанг» ро анҷом диҳад. Ин вазъ ба таври мустақим ба ҳаракати қаторҳои самти Қурғонтеппаи вилояти Хатлони Тоҷикистон асар гузоштааст».

Ҷаноби Раҳимҷонов, қатъи ҳаракати қаторҳо ба самти Хатлони Тоҷикистонро дар ҷорчӯби муқарароти байналмилалӣ медонад ва мегӯяд, бо вуҷуди дархостҳои мукарари Узбакистон барои тағйири самти ҳаракати қаторҳо ба манзури ҳалли қазияи пешомада, то ҳол ҷониби Тоҷикистон дар ин робита посухе надодааст.

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ин масъули сафорати Узбакистон ҳамакнун ширкати роҳи оҳани Узбакистон шароити интиқоли ҳудуди 600 вагон бору колои мавриди ниёз ба самти Душанбе аз тариқи истгоҳи Қудуқлиро омода кардааст.

Тоҷикистон омодааст роҳи оҳани Узбакистонро таъмир кунад

Аммо ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар посух ба ин дархости ҷониби Узбакистон пешниҳод кардааст, ки омодааст, қитъаи роҳи тахрибшудаи «Термиз – Амузанг»-ро, ки 11-км-ро ташкил медиҳад, аз ҳисоби худ тармиму бозсозӣ кунад, то ҳаракати вагонҳо бидуни маҳдудият сурат бигард. Чун ба таъкиди ин масъулон вуруди қаторҳои самти Хатлон аз тариқи истгоҳи Душанбе мушкилоти фаровонеро барои соҳибони бору колоҳо ба миён меорад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон бо он ки соҳибкорону тоҷироне, ки вагонҳои бору колоҳои онҳо дар марзи Узбакистон моҳҳо боз дар банд аст, аз ин вазъ нигаронанд ва ҳамеша бо арзу шикоят ба онҳо муроҷиат мекунанд, аммо дар бароварда кардани ниёзи онҳо дасткӯтоҳ ҳастанд.

Аз сӯи дигар сафари ахири Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон ба Тошканд ва дидораш бо Владимир Норов, ҳамтои узбакаш дар ҳошияи нишасти шӯрои вазирони хориҷии СҲШ натавонистаст, то андозае ин мушкилро ҳал кунад.

Ҳарчанд Давлат Назриев, сухангӯи вазорати хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, «дар рафти вохӯрӣ, масаъалаҳои муҳимтарини муносибатҳои дуҷониба маврид баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки барои боз ҳам мустаҳкам кардани дӯстию ҳамкорӣ ва муносибатҳои наздиктар дар ҳама сатҳҳо даркор аст ва ин муносибатҳо, ин тамосҳо бояд фаъолтар сурат бигирад».

Зимнан, ҳудуди чаҳор моҳ аст, ки мавзӯъи боздошти беш аз 2 ҳазор қатори ҳомили молу колои Тоҷикистон дар марзи Узбакистон ба мушкили аслӣ дар муносиботи миёни ду кишвар табдил шуда, ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоъиро касб кардааст. Пас, суоли матраҳ низ ин аст, ки вазирони хориҷии Тоҷикистон ва Узбакистон фаъол кардани кадом муносиботу тамосҳоро дар назар доранд?

Узбакистон марзи худ бо Тоҷикистонро баст

Зафар Раҳимҷонов, консули Узбакистон дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ ҳамчунин уфгт, ки бинобар хуруҷи вируси фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, Узбакистон барои ҷилагирӣ аз эҳтимоли сирояти ин вирус марзҳояш бо Тоҷикистонро масдуд кардааст.

Ҳоло барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар убуру мурури гузаргоҳҳо шароити махсус ҷорӣ карда шудааст. Барои ходимони дипломатӣ ва афроде, ки ба маросими таъзия мераванд ва ё бемор ҳастанд, иҷзоаи гузар дода хоҳад шуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони кишвари сеюм низ метавовнанд озодона марзи Тоҷикистон бо Узбакистонро убур ва ҳаракат кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG