Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Издивоҷ дар Тоҷикистон камтар ва талоқ бештар шудааст


Тайи семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 22 300 мавриди издивоҷ сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 дарсад камтар будааст. Ба гуфтаи масъулини Ожонси омор, имсол танҳо дар як вилояти Бадахшон шумори издивоҷҳо афзуда, дар боқӣ манотиқ рӯ ба коҳиш овардааст.
Бо ин ҳол, имсол теъдоди мавориди талоқ дар Тоҷикистон 11,9 дарсад афзуда, ба ин тартиб, дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 1631 хонавода ҷудо шудаанд.
XS
SM
MD
LG