Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистону Узбакистон ба чунин тавофуқ расиданд, ки муштаракан ҳудудҳои бетарафи миёни марзҳоро аз малахи марокашӣ поккорӣ кунанд.

Мухтор Ҳасанов, раиси корхонаи воҳиди давлатии мубориза алайҳи малах дар вилояти Хатлон, ки тоза аз Узбакистон баргаштааст, ба радиои Озодӣ гуфт, дар навоҳии Ҷарқӯрғон, Шӯрчӣ, Сариосиё ва Тирмизи Узбакистон низ малах заминҳои кишту пуштаҳоро хароб карда, хисороти чашмгире ба кишоварзии навоҳии марзӣ расонидааст.

Ба иддаои коршиносон, малахи марокашӣ аз навоҳии марзии кишварҳои Узбакистону Афғонистон пуштаҳоро тай карда, то ба майдонҳои навоҳии марзии Тоҷикистон расидааст.

Ҳамлаи малах ба Хатлон

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳасанов, ҳамакнун гурӯҳҳои вижа ба пошидани заҳрхимикати малахкуш, дар қаламрави миёни марзи ду кишвар, ки зоҳиран, манбаъи аслии паҳншавии малахи навъи марокашист, пардохтаанд:

«Мо тарафи худамонро кор мекунем бо сарфи маблағи худ, онҳо тарафи худро. То ин замон дар «нейтральная зона» гузаштани тоҷикҳо бе иҷозати марзбонони узбак ва баръакс, узбакҳо бе иҷозати ҷониби Тоҷикистон мумкин набуд. Акнун ки созишнома ба имзо расид, бо ширкати марзбонони ду кишвар, мутахассисони тоҷику узбак ба маҳви малахи ҳамон ҳудудҳои бетараф сарукор хоҳанд гирифт…»

Раиси корхонаи мубориза алайҳи малах дар вилояти Хатлон афзуд, пас аз боришоти зиёди ҳафтаҳои ахир ҳамлаи малах ба кӯҳу пуштаҳо ва заминҳои киштшудаи ҷануби Тоҷикистон шиддат гирифтааст. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, малахи марокашӣ дар беш аз 40 ҳазор ҳектор замин ва пуштаҳои 15 ноҳияи вилояти Хатлон «лашкар кашидааст».

Малах бархе воҳидҳои кишоварзиро тафҳ кардааст

Маҳмадсаид Абдулҳаев, сокини ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, мегӯяд, пас аз борон дар пуштаҳо алафи бисёр рӯйида, барои малах ғизои бештар ҳосил шудааст. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, нерӯ ва ҳаҷми малах ҳам афзуда, эҳтимоли харобкориҳояш бештар гардидааст:

«Ҷамоати Гулистонро пурра «фатҳ» кардааст малах. Ҳамчунон калон шудааст малахи сурхранг, ки тарси одам мегирад, ба бадани одам ҳам мечаспад. Даҳшат аст, баъди шикам сер кардан, болои дарахтон баромада, дарахтони бедаро ончунон зер кардаанд, ки ба назар чунин мерасад, ки дарахтонро бо матоъи сурхи зардранг печонидаанд. Гандуми қоқи мардумро ҳам шарақ-шарақ карда хурда истодааст…»

Дар ин баробар Шамсиддин Раҳимов, муовини аввали раиси ноҳияи Румӣ, мегӯяд, мақомот ва кишварзони ноҳия дар мубориза бо малахи навъи марокашӣ бо камбуди заҳрхимикати малахкуш ва ОВХ-ҳо мувоҷеҳ шудааст:

«Росташро гӯям, дар масъалаи таъминоти заҳрхимикатҳо мо танқисии зиёд мекашем. Инро ҳам ҳукумати ноҳия медонад, ҳам ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ. Ҳоло сари ин масъала кор карда истодаанд. Аз замони оғози ҳамлаи малахҳо ноҳияи мо наздики ҳазор литр заҳри зидди малах дарёфт кардааст аз ҷониби вазорати кишоварзӣ ва ширкатҳои кӯмакрасон, ин ҳам дар ҳоле ки ҳар рӯз барои маҳви малах мо бояд дасти кам 60 литр заҳрхимикат сарф кунем…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки норасоии заҳри зидди малах ва дасти корӣ дар навоҳии дигаре, ки мавриди ҳамлаи малах қарор гирифтааст, низ эҳсос мешавад.

Камбуди заҳрни зидди малах

Дилшод Раҳмонов, роҳбари маъмурияти раиси ноҳияи Вахш, мегӯяд, азбаски доруи маҳви малах нокофист, гурӯҳҳои корӣ ва кишоварзони маҳаллӣ шабонгаҳ ба «шикор»-и малах ба пуштаву майдонҳои кишт мераванд:

«Ҳанӯз ба майдонҳои кишт нарасидааст малах, аммо мо бисёр талош дорем, ки аз ҳамла ба заминҳои киштшуда, пахтаву гандум ҷилавгирӣ кунем, зеро ҳоло малах калону сахтҷон шудааст. Мубориза бо малах рӯзона имконнопазир шуда истодааст, ҳавои гарм, ки шуд, малах фаъол мешавад, дур-дур мепарад. Аз ин рӯ, дар ноҳияи мо корҳои безарарсозӣ аз соати 3-и шаб то 8-и субҳ, вақти салқинӣ ва хобби малахҳо сурат мегиранд…»

Бо ин ҳама, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ҳамлаи малахи марокашӣ ба ҳадде ваҳшатовар ба назар мерасад, ки талошҳои мақомот ва кишоварзон барои маҳви ин навъи ҳашарот ночиз менамояд. Оимнисо Саидшоева, сокини ноҳияи Ҷилликӯл:

«Корҳои безарарсозӣ дар як маҳал анҷом мешаванд, хурсанд мешавӣ, ки тамом: малах дигар нест шуд. Аммо бо вазидани шамол дубора малах бисёр мешавад. Ноҳияи мо дашту даманаш зиёд аст, шамолаш ҳам. Дору кам аст, мегӯянд, ки дозаашро кам карда, паошидан лозим, аммо бо дозаи кам танҳо бачаи малах кушта мешавад, калонаш бошад, каме гаранг шуда, дубора парвоз мекунад. Малах ҳам иммунитет доштааст, к ибо заҳрхимикати дозааш камтар муқобила карда метавонад…»

Замини кишту пуштаҳои ноҳияи Қумсангир ҳам бар асари ҳамлаи малах қисман хароб шуда, ҳаҷми хисороти расида аз марзи даҳҳо ҳазор сомонӣ гузаштааст.

Малах бояд маҳв шавад, вагарна...

Хушрафтор Латифова, як масъули ҳукуматӣ аз ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, ҳамакнун беш аз 200 корманди идораи кишоварзӣ ва мутахассисони маҳви малах ба умури безараргардонии замину пуштаҳо машғуланд:

«Ҳар рӯз 10-15 нафарӣ дар чанд гурӯҳ кор мекунанд дар тарафи ҷамоати Қумсангиру ҷамоати Панҷ. Бо мошинҳо мераванд, об мебаранд, ҳамон ҷо ситодҳо ташкил карда шудааст. Малахро маҳв бояд кунанд, ки зиёд хатарнок аст…»

Бо таваҷҷӯҳ ба шиддат гирифтани ҳамлаи малахи навъи марокашӣ дар вилояти Хатлон, имсол дар шаҳри Қӯрғонтеппа ситоди вилоятӣ ва дар навоҳии малахзадаи минтақа ситодҳои маҳаллии мубориза алайҳи ҳамлаи малах таъсис дода шудааст. Норасоии заҳрхимикат, нерӯи корӣ, ОВХ-ҳо ва дастгоҳҳои заҳрпошӣ аз мушкилоти аслӣ дар роҳи мубориза алайҳи ҳуҷуми малах хонда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта барои маҳви малах беш аз як миллион сомонӣ маблағ масраф шуд, аммо ҳамоно малахи навъи марокашӣ даҳҳо ҳазор ҳектор пушта ва замини корамро вайрон карда, пурра нобуд нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG