Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти князхонуми бузурги Русия


Князхонуми бузург Леонида Георгиевна, охирин узви ҳанӯз дар аҳди салтанати Романовҳо бадунёомадаи ин сулолаи подшоҳии Русия шаби гузашта дар синни 95-солагӣ дар Испания даргузашт. Ӯ ҳамсари князи фақид Владимир Кириллович буд.
Леонида Георгиевна соли 1914 дар Тифлис ба дунё омада, соли 1948 ба княз Владимир издивоҷ кард.
Шавҳари ӯ раҳбари сулолаи Романовҳо ва то замони даргузашташ дар соли 1992 як номзади аслӣ ба тахти подшоҳии Русия маҳсуб мешуд. Ӯ абераи Александри дуввум буд, ки дар миёнаҳои асри 19 бар Русия салтанат меронд.
XS
SM
MD
LG