Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи бензин дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дубора боло рафта, ба 4 сомонӣ расид. Давлати Русия барои содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон, ба маблағи 203,7 доллар барои ҳар тонна маводи сӯхт, боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст.

Ин муқаррарот нави Русия дар нисбат ба Тоҷикистон аз рӯзи якуми май ба ин сӯ амал мекунад.
То рӯзи ҷумъа нархи як литр бензини навъи АИ-95 дар бензинфурӯшиҳои Душанбе 3 сомониву 40 дирам буд, вале рӯзи 21 май қиммати он аз марзи 4 сомонӣ гузашт.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ба мегӯяд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши бедалели нархи маводи сӯхт, як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис кард, ки он тавонист дар ҳафтаи гузашта ба пойин рафтани нархи бензин мусоидат кунад.

Аммо дар оғози ҳафтаи равон дубора нархи бензин дар бензинфурӯшиҳои Душанбе боло рафт. Фарзияҳои мухталифе дар робита ба афзоиши қиммати бенизин унвон мешавад.

Агарчанд ниҳоди зидди инҳисорӣ афзоиши қиммати бензизро умадтан бедалел медонад, аммо бензинфурӯшон дар боло рафтани қиммати он далели худро пеш мегузоранд.

Шароити нави гумрукии Русия барои Тоҷикистон

Давлати Русия аз 1 май барои содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон ба маблағи 203,7 доллар барои ҳар тонна маводи сӯхт боҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст.

То кунун Тоҷикистон маводи сӯхтро аз Русия бидуни пардохти боҷу хироҷ ворид мекард. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар ин марвид изҳори назар накардаанд.

Вале коршиносон мегӯяд, ба таври ҳатмӣ ин тасмими Русия дар боло рафтани қиммати ҳама навъи маводи сӯхт, аз ҷумла бензин дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард ва метавон интизори бештар аз 4 сомонӣ ҳам боло рафтани нархи бензинро дошт.

Боло рафтани нархи бензин, ба гуфтаи коршиносон дар ояндаи наздик, боиси боло рафтани қимати ҳамлу нақли молу коло ва ба ин васила афзоиши қиматҳо дар бозори ғизову аҳё низ хоҳад шуд.

Гуфтанист, чанд моҳи қабл аз таҳаввулоти Қирғизистон Русия чунин навъи муқарарори гумрукиро нисбат ба он ҷумҳурӣ низ вазъ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG