Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиргаи сулҳ боз ба таъхир уфтод


Давлати Афғонистон оғози Ҷиргаи сулҳро ба иллати, ба гуфтаи як мақоми афғон, “мушкилоти фанниву лоҷистикӣ” дубора ба таъхир гузошт. Ин ҷирга бояд рӯзи шанбеи 29 май оғоз ба кор мекард, вале акнун то 2 июн мавқуф гузошта шуд. Наҷиб Амин, ноиби мудири Ҷиргаи сулҳ гуфт, бояд ҳудуди 1200 намояндагони қабоил ва гурӯҳҳои сиёсиро дар Кобул ҷамъ овард. Дар маҷмӯъ, дар ин анҷуман ширкати тақрибан 1600 вакил дар назар аст, вале интизор намеравад, ки касе аз Толибон дар ин ҳамоиш ҳузур пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG