Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи расмии Эрон ба Ожонси ҳастаӣ супурда шудааст


Мақомоти Эрон мегӯянд, имрӯз ба Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ номаеро супурдаанд, ки ин ниҳоди вобастаи СММ-ро аз қарордоди ҳафтаи гузашта имзошуда миёни Эрону Туркия ва Бразилия расман дар ҷараён мегузорад.
Ин муомила дар ивази дарёфти сӯхти ҳастаӣ ба Туркия фиристодани беш аз нисфи ураниуми андак ғанишудаи Эронро дар назар дорад. Аммо бо ин вуҷуд, Эрон мегӯяд, ки ба ғанисозии ураниум дар сатҳи баландтар идома хоҳад дод. Чунин бархӯрд боиси бурузи нохушбиниҳо дар бораи ояндаи ин муомила ба манзури ҳалли баҳси ҳастаии Эрон шудааст. Амрико, барои мисол, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз муаррифии ин қарордоди сеҷониба хостори эъмоли даври нави таҳримоти СММ алайҳи Теҳрон шуд. Аммо фиристодаи Эрон дар Ожонси ҳастаӣ Алиасғар Султония гуфт, тасмими Теҳрон ҷиҳати идомаи ғанисозӣ “масъала нест.”
XS
SM
MD
LG