Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиш 95 фоиз иҷро шудааст


Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати баҳорӣ ба суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар то имрӯз 95,2 дарсад иҷро шудааст. Сухангӯи ин вазорат Фаридун Маҳмадалиев ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, ки ин нақшаро дар вилояти Хатлон алакай 100 дарсад иҷро кардаанд.
Даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 9 март оғоз ёфта, то 31 май идома мекунад.
XS
SM
MD
LG