Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нахли тилоӣ"-и Канн имсол ба Таиланд рафт


“Нахли тилоӣ”, ҷоизаи аввали ҷашнвораи синамои Каннро филми коргардони таиландӣ Апичатпонг Вирасетакул бо номи “Амаки Бунмӣ, ки метавонад ба ҳаёти гузаштааш баргардад”, ба даст овард. Ин филм достони як марди дар ҳоли марг аст, ки арвоҳи завҷаи фавтида ва писари ғайбзадааш ба аёдати ӯ меоянд. Филми коргардони фаронсавӣ Хавйе Бовуа бо исми “Роҷеъ ба худоёну мардумон” соҳиби шоҳҷоизаи Канн шуд.
Дар ҷашнвораи имсола дар маҷмӯъ 19 филм аз 15 кишвар вориди сабқат шуда буд.
XS
SM
MD
LG