Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон имрӯз ба Ожонси ҳастаӣ муроҷиат мекунад


Созмони ҳастаии Эрон гуфт, ки имрӯз Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаиро аз қарордоди ҳафтаи гузашта имзошуда миёни Эрону Туркия ва Бразилия расман дар ҷараён хоҳад гузошт. Ин муомила дар ивази сӯхти ҳастаӣ ба Туркия фиристодани беш аз нисфи ураниуми андак ғанишудаи Эронро дар назар дорад. Аммо бо ин вуҷуд, Эрон мегӯяд, ки ба ғанисозии ураниум идома хоҳад дод. Чунин бархӯрд боиси бурузи нохушбиниҳо дар бораи ояндаи ин муомила ба манзури ҳалли баҳси ҳастаии Эрон шудааст. Амрико, барои мисол, ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз муаррифии ин қарордоди сеҷониба хостори эъмоли даври нави таҳримоти СММ алайҳи Теҳрон шуд.
XS
SM
MD
LG