Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мушакҳои "Пэтриот"-ашро ба Лаҳистон овард


Сухангӯи сафорати Амрико гуфт, як теъдод сарбозони Амрико ва як батареяи мушакҳои навъи “Пэтриот” ба хотири ширкат дар тамринҳои муштарак ба Лаҳистон расидаанд.
Ин бузургтарин мавриди истиқрори нирӯҳои Амрико дар Лаҳистон аз замони ба узвияти паймони низомии НАТО пайвастани ин кишвари Аврупои шарқист.
Эндрю Пол гуфт, батареяи мушакҳои “Пэтриот” рӯзи шанбе ба пойгоҳи Мораг расид. Мораг дар ҳамагӣ 60-километрии марзи вилояти Калинингради Русия воқеъ аст.
Истиқрори мушакҳои Амрико дар чунин наздикӣ аз марзи Русия мояи хашми Маскав шудааст.
XS
SM
MD
LG