Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари раҳбари Ҷундуллоҳро ба дор овехтанд


Хабаргузории расмии ИРНО навишт, ки давлати Эрон имрӯз бародари раҳбари низ зиндонии гурӯҳи чирикии Ҷундуллоҳро қатл кардааст. Абдулҳамид Регӣ, ки ҳамчун узви Ҷундуллоҳ маҳкум шуда буд, дар зиндони Зоҳидон, маркази устони Систону Балуҷистон, ба дор овехта шуд.
Ҷундуллоҳ гурӯҳи суннӣ буда, ба хотири дифоъ аз ҳаққи ақаллияти балуҷ меҷангад. Мақомоти Эрон ин гурӯҳро дар чандин бомбгузорӣ айбдор карда, мегӯянд, ки Ҷундуллоҳ бо шабакаи Ал-Қоида робита дошта, аз Покистону Бритониё ва ҳам аз Амрико кӯмак мегирад. Раҳбари гурӯҳ Абдулмалик Регӣ низ дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG