Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Амрико аз Сеул дар баҳсаш бо Пхенян


Вошингтон гуфтааст, дар қазияи ду моҳ пеши бар асари шиллики бомби Кореяи шимолӣ ғарқ шудани киштии ҷангии Кореяи ҷанубӣ сароҳатан аз Сеул ҳимоят мекунад. Дар он ҳамлаи моҳи март 46 маллоҳи Кореяи ҷанубӣ кушта шуданд.
Кохи Сафед посухи Сеул – қатъи тиҷорат бо Пхенян ва масдуд кардани обҳояш барои киштиҳои Кореяи шимолиро “зарурӣ ва комилан мутаносиб” номид.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамчунин ҷиҳати бозбинии сиёсати Вошингтон дар қиболи Кореяи шимолӣ дастур дода, гуфтааст, нирӯҳои Амрико ба Кореяи ҷанубӣ дар роҳи “ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои оянда” кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG