Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Амрико аз шеваи кори ВР


Давлати Амрико шеваи расидагии ширкати “Бритиш Петролеум” ба мушкили нафтолуд шудани обҳои халиҷи Мексикаро ба боди интиқод кашид. Вазири умури дохилаи Амрико Кен Салазар гуфт, Вошингтон аз ин нороҳат ва хашмгин аст, ки BP тайи ин беш аз як моҳи гузашта аз хуруҷи нафт аз як чоҳи ин ширкат ба обҳои халиҷ чандин зарбулаҷалро паси сар гузошт, вале то ҳол натавонистааст мушкилро ҳалл кунад.
Нирӯҳои соҳилии Амрико мегӯянд, таъсири ин офати бузург дар беш аз 110 километр дар соҳилҳои халиҷи Мексика эҳсос мешавад.
XS
SM
MD
LG