Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти ноҳияи Мурғоб аз афзоиши бесобиқаи саршумори чорво иттилоъ медиҳанд. Ба гуфтаи Майрамбек Тойчиев, раиси ноҳияи Мурғоб саршумори моли майда ба 60 ҳазор ва қутос ба 17 ҳазор расида, ба нишондиҳадаи пеш аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баробар шудааст.

Ӯ гуфт, ки пас аз якбора коҳиш ёфтани саршумори чорво бар асари омилҳои иҷтимоӣ сокинон бо дарки аҳамияти чорводорӣ, чун сарчашмаи маводи ғазоӣ ва даромад, аксари муҳоҷирине, ки минтақаро тарк карда буданд, бозгашта, ба чорвапарвӣ пардохтанд.

Чорвопарварон мегӯянд, ки маъракаи наслгирии имсола умедвор месозад, ки саршумори чорво боз ҳам афзоиш меёбад, аммо зарфияти чарогоҳҳо торафт барои хӯрондани чорво тангӣ мекунад.

Аммо аз ҳама бештар чорвопарварони маҳаллаи Рангкул аз танг шудани шароит барои нигоҳубини чорво нигарон ҳастанд. Сокинони Рангкул мегӯянд, ки афзоиши саршумори чорво аз як тараф ва аз сӯи дигар бар асри марзбандӣ байни Тоҷикистону Чин, ки онҳоро аз 37 дараи сералаф маҳрум сохтааст, човопарвариро ба мушкилот дучор кардааст.

Ба гуфтаи Белек Бегишов, сокини Мурғоб дар бархе аз маҳаллоти дурдаст ба мисли Шаймоқ барои рушди чорвопарварӣ монеъ вуҷуд надорад. Аммо маҳрум гаштан аз чарогоҳҳо дар Рангкул ба сифати маҳсулоти чорвои сокинони он равғаннокии гӯшту шир ва фоида аз он таъсир мерасонад.

Мол дорӣ, ҳол дорӣ. Тоҷикони Мурғоб низ қутоспарвар мешаванд.

Тоҷикони Мурғоб мегӯянд, ки онҳо низ ба чорвопарварӣ ру овардаанд.Тоҷикони ин ҷо, ки бештар дар идораву муассисаҳо кор мекарданд, алҳол бештарашон бекор мондаанд ва худро қишри камбизоатттарини минтақа мешуморанд ва мегӯяд, ки дар шароити Мурғоб касе, ки «мол надорад, ҳол надорад».

Ба гуфтаи Амоншо Ватаншоев бештари чарогоҳҳои барои чорвопарварӣ мусоид аз ҷониби сокинони қирғиз, ки ҳанӯз дар давраи колхозу совхоз дар ин ҷо кор мекарданд, хусусӣ гардида, тоҷикон бе чарогоҳ монданд ва дархосташон дар мавриди ҷудо намудани чарогоҳ барояшон аз ҷониби мақомот беҷавоб мемо над.

Ӯ гуфт, бинобар набудани чарогоҳ тоҷикон моли майда ва қутосҳоро барои нигоҳубин ба қирғизҳо медиҳанд. Агар бахташон баландӣ карда бошад, онҳо бо як чупони баинсоф муомила доранд, аммо дар бештари маворид ба дасти дигарон додани чорво маънои ба дасти қассоб супурдани онро дорад.

Аммо Абдураҳмон Оразбоев, як сокини дигари Мурғоб иддаоъ дорад, ба мисле ки тоҷикон дар сангчинӣ ва чӯбкорӣ назир надоранд, ҳамин таври дигар шубони барои қирғизҳо шуғли анъанавӣ буда, тоҷикон ҳанӯз ба чаҳор фасли сол аз паи гову мол рафтан ва дар қиравҳо зиндагнӣ кардан, омода нестанд.

Аммо раиси ноҳияи Мурғоб гуфт, якчанд соҳибкори тоҷик дар маҳалаи Аличур, ки саршумори зиёди чорво доранд, исбот карданд, ки он аз ҳамтоёни қирғизашон монданӣ надоранд ва шубонӣ шуғли қадимаи тоҷикон низ ҳаст.

Аммо тоҷикони Мурғоб изҳори норизоиятӣ мекунанд, ки аз чӣ сабаб бошад, ки мақомот то ба ҳол барои ҷудо намудани чарогоҳҳо барояшон иқдом намекунанд.

Даъвои қутос ва Марко Поло

Дар ҳамин ҳол, танг шудани зарфияти чарогоҳҳо ба « баҳсҳои марзӣ» байн қутос ва оҳубарраи нодири Марко Поло низ мунҷар шудааст.

Ба гуфтаи намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, дар Мурғоб чорвопарварон ҳар чи бештар молашонро ба дараҳои дурдаст ва касногузар, ки пештар фақат ҷойи гаштугузори Марко Поло буд, ҳай мекунанд ва ҳайвоноти ваҳширо аз ғизои маъмулиашон дар ҳудудҳои одаткардаашон маҳрум месозанд.

Ба фикри намояндагони ширкатҳои шикорӣ мушкилоти чарогоҳҳо дар Мурғоб ба танзим ва ё қонун дар бораи чарогоҳҳо эҳтиёҷ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG