Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Эрону Корея дар гуфтушунидҳои Амрико ва Чин


Имрӯз дар Пекин гуфтушуниди ҳайатҳои Амрико ва Чин оғоз мешавад. Ин музокироти ду рӯза ба ҳамкориҳои сиёсӣ ва тиҷоратии Амрико ва Чин бахшида хоҳад шуд, Ҳайати амрикоиро дар ин гуфтушунидҳо Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷӣ ва Тимоти Гейзнер, вазири молияи Амрико сарварӣ мекунанд.

Пеш аз оғози гуфтушуниди расмӣ Ҳиллари Клинтон аз намоишгоҳи байналмилалии “World Expo” дар шаҳри Шонгҳойи Чин дидан карда, бори дигар ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар таъкид дошт.

Вазири молияи Чин, Хие Хурен гуфт, ки Амрико ва Чин барои пешгирӣ аз таҳдиди бӯҳрони қарзии Аврупо ба иқтисоди ҷаҳон, бояд пойдории иқтисодии худро тақвият дода, ҳамоҳангии сиёсиро низ нерӯ бахшанд.

Хонуми Клинтон дар навбати худ изҳор намуд, ки дар рафти гуфтушунид ба зарурати мувозинати бештар дар муносибатҳои тиҷоратии Амрикову Чин таъкид хоҳад кард.

Ӯ афзуд, аз Пекин даъват хоҳад кард, ки барои ширкатҳои хориҷӣ ва чинӣ шароити баробари сабқати мунсифона фароҳам оварда шавад.

Дигар бахши муҳимигуфтушунидҳои Вашингтону Пекин мавзӯъҳои мухталифи ҳамкориҳои сиёсии ду кишварро фаро хоҳад гирифт.

"Чин ҳанӯз бовар надорад..."

Бино бар манбаъҳои Кохи сафед Вашингтон то ҳол Пекинро мутмаъин карда натавонистааст, ки барои ғарқ кардани киштии Кореяи Ҷанубӣ дар рӯзи 26 март бояд, мақомоти Кореяи Шимолӣ ҷазо дода шаванд.

Бо вуҷуди он ки гурӯҳи бозҷуёни байналмилалӣ даст доштани Пхенян дар ҳамла ба киштии низомии Коеяи Ҷанубиро исбот кард, вале Пекин гуфтааст, ки гузориши гурӯҳ онро ба гунаҳгории Кореяи Шимолӣ мутмаъин накардааст.

Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ ҳангоми пазирои дар Шонгҳой ҳайати амрикоӣ ба мақомоти Пекин ошкоро гуфтааст, ки Вошингтону ҳампаймонони осиёиаш, аз ҷумла Ҷопону Сеул ҳодисаи ҳамла ба киштии низомии “Чхонан” ва марги 46 маллоҳи онро ҷиддӣ меҳисобанд.

Хонум Клинтон ҳанӯз дар оғози сафараш ба минтақа, дар Токио гуфт:

"Кореяи Шимолӣ бояд рафтори таҳрикомез, сиёсати таҳдид ва пархошҷӯӣ бо ҳамсоягонашро қатъ кунад ва ба иҷрои ваъдаҳои халъи силоҳи ҳастаӣ қадами бебозгашт ниҳода, ба қонунҳои байналмилалӣ арҷ гузорад."

Интизор меравад ки имрӯз Кореяи Ҷанубӣ ин мавзӯъро дар Шӯрои Амнияти СММ матраҳ кунад.

Барномаи ҳастаии Эрон мавзӯъи дигари гуфтушинидҳо

Гуфта мешавад, Амрико дар Шӯрои Амният аз мавқеъи Сеул ҳимоят хоҳад кард, аммо Пекин барои бардоштани чунин гом омода нест ва далели бештареро мунтазир аст.

Мавзӯъи мубрами дигар ба ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон барои саркашиаш аз қатъи барномаи баҳсбарангези ҳастаиша рабт дорад.

Мақомдорони Кохи сафед, мегӯянд, ки Пекин ба пешнависи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар бораи эъмоли таҳримҳои нави иқтисодиву сиёсӣ алайҳи Теҳрон ба сурати умум розӣ шудааст, аммо хостори мушаххас кардани ҷузъиёти қатънома аст.

Пекин бо Теҳрон робитаҳои густардаи иқтисодӣ дорад ва ба ҳамин хотир ҳам ба ташдиди таҳримҳо мухолифат мекард.
XS
SM
MD
LG