Пайвандҳои дастрасӣ

Сипосгузории Оқилов аз кӯмаки ҳарбиёни пойгоҳи Русия


Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов барои кӯмаки фаврияшон ба осебзадагони обхезии Кӯлоб аз фармондеҳии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон сипосгузорӣ кард. Вай дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар Санкт-Петербург инчунин аз Беларус ва Қазоқистон барои расондани имдоди таъҷилӣ ба Тоҷикистон ситоиш намуд. Дар ҳамин мулоқот сарвазири Русия, Владимир Путин гуфтааст, кишвараш омодааст ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Ҳамчунин, ба навиштаи расонаҳо, аввалин кӯмакҳои густардаро ба осебзадагони сел дар Кӯлоб дар 36 соати баъд аз фоҷиа ҳарбиёни Иёлоти Муттаҳида бо фармони ситоди марказии онҳо дар Кувейт расондаанд.
XS
SM
MD
LG