Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи "забти сӯҳбатҳои телефонӣ" дар Қирғизистон


Ҳукумати муваққатии Қирғизистон мехоҳад, иттиҳомоти забти махфии сӯҳбатҳои телефониро пажӯҳиш кунад. Намояндаи баландпояи ҳукумати Қирғизистон хадамоти ҷосусии чанд кишвари хориҷӣ ба гӯш кардани телефонҳои ҳукумати муваққатии Қирғизистон айбдор кард. Ноиби аввали сарвазир Алмосбек Атабоев дар нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, Қазоқистон, Узбакистон, Русия ва Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳои телефонии ҳукумати муваққатии Қирғизистонро гӯш ва забт мекунанд. Аммо вай далеле барои ин гуфтаҳои худ дар миён нагузошт. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта чанд узви ҳукумати нави Қирғизистон ба ришвагирӣ айбдор шуда, гуфтугӯи телефонӣ дар ин бора дар интернет ба нашр расид. Атамбоев иттиҳоми инро, ки барои хидмати гумрукӣ 400 ҳазор доллар пора гирифтааст, рад кард. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон моҳи гузашта, пас аз шӯриш алайҳи президент Қурманбек Боқиев ҳокимиятро ба даст гирифт ва дар ҷорӣ кардани эътидол ба мушкилот рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG