Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Пекин гуфтушуниди Амрико ва Чин оғоз ёфт


Ҳайатҳои баландпояи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин имрӯз дар Пекин ба гуфтушуниди дурӯза оғоз карданд. Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон ба ҳайати 200-нафараи кишвараш сарварӣ мекунад. Вай гуфт, тарафҳо масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи иқтисодӣ ва муносибат ба Эрону Кореяи Шимолиро, ки бо фишори байнулмилалӣ рӯбарӯянд, баррасӣ хоҳанд кард. Равобити байни Вашингтон ва Пекин сари масъалаҳои қурби пули Чин, сонсури интернет дар Чин ва фурӯши силоҳи Амрико ба Тайван печидагиҳо доранд.
XS
SM
MD
LG