Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ба мардикорони беларус ва қазоқ бартарӣ медиҳад


Сарвазири Русия, Владимир Путин эълон кард, ки кишвараш дар роҳи таъсиси Фазои ягонаи иқтисодӣ тадриҷан монеаи ҳаракати нерӯи кор дар байни Русия, Беларус ва Қазоқистонро аз байн мебарад. Вале ӯ нагуфт, чунин таҳаввул дар қонунҳои муҳоҷирати Русия ба чӣ шакл ва кай сурат хоҳад гирифт. Путин эҳтимоли чунин фазоии озодро барои намояндагони кишварҳои дигар, аз ҷумла аъзо ва нозирони Созмони ҳамкориҳои Авруосиё рад кард ва гуфт, баракс Русия дар оянда ба ҷалби нерӯи кори хориҷӣ аз эҳтиёт кор хоҳад гирифта ва кишварҳои дигар бояд ба ин сиёсат бо тафоҳум бархӯрд кунанд. Қазоқистон ва Беларус ба Русия камтарин нерӯи кор мефиристанд ва бештари муҳоҷиронро шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова ва Украина ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG