Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфаронси Афғонистон боз ба таъхир афтод


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, конфаронси дурнамои сулҳи Афғонистон бори дувум аст, ки ба таъхир меафтад. Интизор мерафт, ки ин ҳамоиш рӯзи шанбеи оянда, 29-уми май баргузор шавад. Аммо акнун ифтитоҳи ҷаласаи серӯза ба 2-юми июн вогузор гаштааст. Ташкилкунандагони конфаронс мегӯянд, барои ҷамъ омадани вакилони ҳамоиш фурсати бештар зарур аст. Бори аввал конфаронс бо сабаби сафари раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай ба Иёлоти Муттаҳида аз аввали май ба охири он вогузор гашта буд. Ширкати Толибон дар ин конфаронс дар назар нест.
XS
SM
MD
LG