Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба табодулаи боздоштшудагон даъват кард


Вазири истихбороти Эрон мегӯяд, дар ҷосус будани се шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида, ки дар моҳи июл боздошт шудаанд, шубҳае мавҷуд нест. Ҳайдар Муслеҳӣ, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳукумат бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, Вашингтонро ба табодулаи боздоштшудагон даъват кард. Сара Шурд, Шейн Бойер ва Ҷош Фаттал, ки зоҳиран ҳангоми убур аз шимоли Ироқ ба қаламрави Эрон бозошт шудаанд, ҳафтаи гузашта тавонистанд дар Теҳрон бо модарони худ мулоқгот кунанд. Ҳарсе хонавода ва ҳукумати Иёлоти Муттаҳида иттиҳомоти ҷосусиро рад ва ба озод кардани боздоштшудагон даъват мекунанд.
XS
SM
MD
LG