Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон интихоботи Қарабоғро "гашти интихоботӣ" хонд


Дар интихоботи порламонии ҷумҳурии ҷудоихоҳи Қарабоғи Кӯҳистонии Озарбойҷон чаҳор ҳизби сисёсӣ ширкат доранд. Порамони ин ҷумҳурӣ аз 33 курсӣ иборат аст ва он барои панҷ сол интихоб мешавад. Маҳофили байналмиллалӣ ин интихоботро эътироф намекунанд. аммо Бако Саҳакён-раиси ҷумҳури худхондаи Қарабоғ гуфт, интихобот бозтоби тааҳҳудоти минтақа барои демократия аст:

"Зиндагӣ дар кишваре, ки аз арзишҳои демократӣ ҳимоят мекунад, ифтихор аст. Ва демократия барои мо арзишманд аст, якҷо бо истиқлол ва тамомияти арзӣ".

Коммиссияи Марказии Интихоботии Озарбойҷон райдиҳии имрӯзи Қарабоғро "гашти нави интихоботӣ" арзёбӣ кард.
Дар ин ҷумҳурӣ 90 000 аҳолии қобили рай ба сар мебаранд ва интизор меравад, ки тақрибан 25 дарсади онҳо дар райдиҳӣӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG