Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон баъзе хадамоти хориҷиро муттаҳам кард


Имрӯз яке аз мақомоти расмии баландпояи Қирғизистон як силсила хадамоти махфии хориҷиро барои сабти гуфтугӯҳои телефонии кормандони ҳукуматӣ муттаҳам кард. Алмазбек Атамбоев-муовини аввали нахуствазир гуфт, Қазоқистону Ӯзбакистон ва Русия ва ҳамчунин Амрико ин гуфтугӯҳоро "гӯш мекардаанд". Вай барои таъйиди ин суханонаш далел наовард. Ин суханон дар ҳоле садо додааст, ки бар зидди баъзе аз аъзои кобина барои ришвахорӣ иттиҳомот ба гӯш мерасад. Дар миёни онҳо Атамбоев низ ҳаст. Ҳукумат ба таҳқиқи гӯш додани гуфтугӯҳои телефонӣ шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG