Пайвандҳои дастрасӣ

Корманди радиои Озодӣ аз вуруд ба зодгоҳаш маҳрум шуд


Дафтари умури муҳоҷирати Туркманистон дар Ашқобод ба вуруди Алламурод Раҳимов-корманди бахши туркмании радиои Озодӣ ба Туркманистон иҷоза надод, бо вуҷуди ин ки ҳамаи асноди сафари вай, аз ҷумла раводидаш, ба ҳамаи муқаррарот мутобиқ буд. Раҳимов шаҳрванди Канада аст ва бо даъвати хонаводааш мехост рухсатиашро дар зодгоҳаш бо хешовандонаш дар деҳе дар вилояти Мари ё Марв сипарӣ кунад. Сабаби чунин рафтори дафтари умури муҳоҷирати Туркманистон то ҳол рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG