Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоҳирвол роҳи оҳанро инқилоби иқтисодӣ арзёбӣ кард


Умар Зоҳирвол-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон изҳор дошт, ки Япония омода аст барои сохтмони роҳҳои оҳан дар Афғонистон 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Вай гуфт, ба вуҷуд омадани шабакаи роҳҳои оҳан дар кишвараш заминаи рушди иқтисодро фароҳам меорад ва он ба инқилоби иқтисодӣ шабоҳат хоҳад дошт. 19-ӯми май, се рӯз пеш Ҳамроҳхон Зарифӣ ва Манучеҳр Муттакӣ-вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистону Эрон низ дар бораи омодагӣ ба сохтмони роҳи оҳани миёни ин ду кишвар тавассути Афғонистон қарордоде имзо карданд. Муттакӣ изҳор дошт, ки ин роҳи оҳан Чину Қирғизистонро низ тавассути Тоҷикистону Афғонистон бо роҳҳои обӣ дар Бандари Аббос мепайвандад.
XS
SM
MD
LG