Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина ба осебдидагони Тоҷикистон кӯмак мекунад


Украина омода аст ба осебдидагони офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кӯмак кунад. Дар ин бора Николай Азаров-нахуствазири Украина дар ҷаласаи шӯрои нахусатвазирони кишварҳои мустақили ҳамсуд хабар додааст. Сомонаи интернетии «Utro.ua»-и Украина навиштааст, ки дар ин бора кобинаи вазирони Украина тасмим хоҳад гирифт. Николай Азаров ҳамчунин ба Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон ба сабаби марги даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар офатҳои ахири табиӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Бино ба омори мавҷуда, зарари модии офатҳои табиӣ беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG